БУНЁДКОРОНИ «РОҒУН». Барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст

Ноябрь 27, 2023 15:22

ДУШАНБЕ, 27.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» зиёда аз 14 ҳазор кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, истироҳати бофароғат ва барқарорсозии саломатии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла дар неругоҳи мазкур моҳи августи соли равон ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» барои 500 ҷойи нишаст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад, мавриди истифода қарор дода шуд. Бо бунёди ошхонаи нав кормандону мутахассисони ширкат се вақт бо хӯроки гарму серғизо таъмин шуда, таъсиси он дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон дар самти сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба НОБ-и «Роғун».

Дар шафати ин иншоот ошхонаи тобистона низ бунёд гардидааст, ки дар он дегҳои алоҳида барои омода намудани таом ва танӯрҳои нонпазӣ гузошта шудаанд. Дар арафаи ҳар ҷашну ид барои кормандон хўроки дўстдошаи тоҷикон-оши палав пухта мешавад. Субҳона, ношто ва хўроки шоми кормандон аз маҳсулоти ширӣ, тухм, ҳасиб, равғани зард, хўроки якуму дуюм ва меваю сабзавоти гуногун иборат мебошад. Кормандон ҳамарўза бо нонҳои гарму бомаззаи тоҷикӣ, ки дар ин ошхона аз ҷониби чанд нафар кадбону омода ва пухта мешаванд, таъмин мегарданд.

Масоҳати умумии ошхона 1 ҳазору 70 метри мураббаъ буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои омода намудани хӯрок, нонпазӣ, шустушӯ ва иншооти ёрирасон мебошад. Толори калони ошхона 420 ҷойи нишаст дорад. Бо таъсиси ошхонаи нав барои 45 нафар ҷои кори доимӣ фароҳам шудааст.

Ҳамчунин бо дарназардошти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва расидани сатҳи обанбор ба баландии 1100 метр, замони зериобмонии майдончаи сохтмонии №1 ширкат ба нақша гирифтааст, ки корҳои сохтмониро дар 5 бинои хобгоҳи 3-ошёна оғоз намояд. Бунёди хобгоҳҳои замонавӣ дар умум барои 1500 нафар дар як басти корӣ пешбинӣ гардидааст.

Хобгоҳҳои нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити хобу истироҳати кормандони шаркат бунёд мешаванд. Дар бинои хобгоҳҳо 75 ҳуҷраи хоб- ҳар кадомаш барои 4 нафар сохта мешавад. Дар шафати биноҳои хобгоҳ майдони варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегардад.


Ёдовар мешавем, ки соли равон дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои бунёдгарони НБО-и “Роғун» барои истироҳат дар осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 300 роҳхат ҷудо карда шуд. Ҳамчунин ҳамасола фарзандони онҳо барои истироҳат дар лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб мегарданд.

Пешои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 10 августи соли равон иброз доштанд, ки «баъд аз шиносоии муфассал бо ҷараёни воқеии корҳо ва натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии шумо дар давоми як соли сипаришуда мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз дорам, ки шумо – бунёдкорони «Роғун» дар ин майдони набард ва арсаи нангу номуси миллӣ бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида истодаед. Ба ҳамаи шумо муроҷиат карда, хотиррасон менамоям, ки барои татбиқи ҳадафҳои минбаъда ҳар яки мо бояд масъулияти аз имрӯза бештар дошта бошем, аз шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем, корро дар ин иншооти тақдирсози халқи тоҷик тавре роҳандозӣ намоем, ки расидан ба истиқлоли комили энергетикии мамлакатро наздиктар созем».


Бояд гуфт, ки зимни ин суханронӣ ба Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ дастур дода шуд, ки корҳои амалиро доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ оид ба фаъолияти бунёдкорони ин иншооти бузурги аср густариш диҳанд.

Барои бунёдгарони ин иншооти азими аср аҳли фарҳангу санъат ва иттифоқҳои эҷодии Тоҷикистон пайваста маҳфилҳои абабӣ, барномаҳои консертӣ суҳбату вохўриҳои ҷолибу хотирмон бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳои мамлакат баргузор менамоянд, ки хотири онҳоро болида мегардонад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 27, 2023 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»