Дар деҳаи Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОБОД, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қалъаи Лаби оби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод бинои 3-ошёнаи Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ аз се ошёна иборат буда, бо саҳми сокинон ва ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта сохта шудааст.
Мувофиқи лоиҳа, ошёнаи якуми бино барои толори варзишӣ ва ошёнаи 3-юм барои маркази дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Минбаъд сокинони деҳа рӯзҳои таърихию ҷашнҳои миллӣ ва тӯю маъракаҳоро дар ҳамин маркази фарҳангӣ мегузаронанд.
Ба ифтихори ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду барқарорсозии 101 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 27 иншоот ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад






