Дар Душанбе дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир мешавад
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷамъомад саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ташаббусҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Созмони ҳамкории Шанхай ва саҳми Сарвари давлат дар баррасии масъалаҳои сулҳу амният дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ мегарданд.
Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат яке аз муассисони ин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ буда, дар ташаккул ва рушди он саҳми мустақим дорад ва бист сол боз барои густариши он талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои машваратии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон иштирок менамоянд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт






