Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Ноябрь 24, 2023 18:45

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинӣ бургузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, Парчам ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба  арзиши муқаддаси маънавии ҷомеаи тоҷикон табдил ёфта, дар тақвияти ҳисси ифтихор ва худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои давлатдорӣ, сарҷамъ ва муттаҳид гардонидани мардуми Тоҷикистон саҳм гузоштааст.

«Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад», — гуфта шуд дар чорабинӣ.

Аҳаммияти тарбияи насли ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ҷовидонии ифтихори миллӣ махсус таъкид карда шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Ноябрь 24, 2023 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид