Дар ноҳияи Хуросон барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ омӯзишу тамринҳо гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳаҳои Халқаҷар ва ба номи Н.Асадуллои Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон вобаста ба ҳифзи аҳолӣ дар ҳолати хатар ва фаромадани ярчҳои калон тамрин гузарониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Тамринҳо бо мақсади санҷиши ҳолати омодагии тамоми воҳидҳои сохтории зернизомии ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Хуросон, инчунин омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, ташкил намудани эвакуатсияи аҳолӣ аз минтақаҳои хатарноки табиӣ гузаронида шуданд.
Дар ин тамринҳо масъалаҳои омӯзишӣ оид ба огоҳонидани аҳолӣ аз бориши шадид ва ярчҳои зиёд, тахлияи аҳолӣ аз минтақаҳои шартии хатарнок ба ҷойҳои амн, ҷалби нуқтаҳои назоратии сайёр барои қувваҳо ва воситаҳои минтақа барарсӣ шуданд. Дар марҳилаи аввал барои роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хадамоти роҳ, сӯхтор, хадамоти тиббӣ ва дигар шуъбаҳои ба зерсистемаи ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва вокуниш ба ҳодисаҳои фавқулода дохилшуда машқҳои фармондеҳию ситодӣ гузаронида шуданд.
Дар марҳилаи дуюми машқҳо масъалаҳои татбиқи амалии гурӯҳбандии қувваҳо ва воситаҳои зерсистемаи ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ҷойгиркунии нуқтаҳои назоратии сайёр ва шаҳракҳои амне, ки аҳолӣ бо ниёзҳои аввал таъмин бошанд, баррасӣ гардиданд.
Бо назардошти хатарҳои мавҷуда барномаҳо барои ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ омода шуданд. Дар доираи машқҳо 150 нафар аз ҳайати шахсии хадамоти дахлдори ноҳия, 400 нафар сокинони деҳаҳои номбаршуда ва 20 техникаи махсуси ягона иштирок намуда, зиёда аз 40 воҳиди нақлиёти шахсӣ низ ҷалб шуд.
Зимни чорабинӣ тахлияи омӯзишии аҳолӣ аз минтақаҳои эҳтимолии осебдида ба ҷойҳои амн, ки дар ҷараёни мониторинг муайян шуд, ташкил шуда, нуқтаҳои назоратии сайёр барои қувваҳо ва воситаҳои минтақа ҷалб гардида, кори шаҳракҳои таъминоти ҳаёт санҷида шуд. Барои аҳолии тахлияшуда 11 хайма гузошта шуд.
Мутахассисони кумита ба аҳолии деҳот қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми омадани селу ярчҳои калонро фаҳмониданд.
Бояд гуфт, ки 22 октябри соли равон дар байни деҳаҳои ҳудуди деҳоти Халқаҷар ва ба номи Н.Асадуллои Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ярч (20 метр) ба амал омад, ки он таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёти сокинони ин деҳаҳои ноҳияи Хуросон гардид.
Ҳадаф аз ин тамрин андешидани тадбирҳои пешгирикунанда барои пешгирии он ҳолате аст, ки метавонад ба ҷони мардуми ин деҳаҳо хатар эҷод созад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






