Дар шаҳри Хоруғ «Корвони саломатӣ» ба фаъолият оғоз намуд

Ноябрь 9, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Корвони саломатӣ» дар ҳайати 46 нафар мутахассисони баландихтисоси тиббӣ аз шаҳри Душанбе дар шаҳри Хоруғ ба кор оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

«Корвони саломатӣ» бо мақсади гузаронидани муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобат бо истифода аз дастгоҳҳои замонавии тиббӣ дар беморхонаҳои вилоят ба хотири хизматрасонии ройгони тиббӣ барои сокинони шаҳр ва ёрӣ расонидан ба аҳолӣ баҳри ошкор намудани бемориҳои эҳтимолӣ ва пешгирии он ба шаҳр расид.

Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр корвони саломатӣ иборат аз 46 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон равона шуд.

Ин иқдоми ҳамасола буда, имсол гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед то 11 ноябр ба сокинони шаҳр ва ноҳияҳои вилоят хизмати гуногуни тиббӣ мерасонад.

Гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони тамоми бахшҳо ба тамоми сокинони вилоят хизмати гуногуни тиббӣ расонида, онҳоро ройгон ташхис, муоина ва табобат менамояд.

Сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда, ройгон табобат гиранд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Ноябрь 9, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид