Дар шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор гардид
ХОРУҒ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 100 тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва 30 тонна маҳсулоти ғизоии мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, шакар, равғанро бо нархи нисбат ба бозор 30-40 фоиз арзонтар ба савдо гузоштанд.
Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода чунин иқдомро барои паст намудани нарху навои маҳсулоти зарурӣ муҳим шумурда, изҳор дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ бо мақсади муътадил паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистон ва таъмини дастурхони сокинон бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал пайваста ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи мавриди ниёзи аввал бо нархи нисбат ба бозор арзонтар баргузор мегардад.
Дар ярмарка зиёда аз 15 хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳор намуданд, ки ҳоло дар хоҷагиҳояшон маҳсулоти кофӣ мавҷуд аст ва дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии навбатӣ онро ба фурӯш мебароранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






