Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Конститутсияро бошукуҳ таҷлил намуданд

Ноябрь 4, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати 29-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Қабули Конститутсия, агар аз як тараф дастоварди таърихӣ буда, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб ёфта, шаҳодати ин нуқта озодии баён, мутбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Дар идома таъкид гардид, ки миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад.

Дар фарҷом баҳри болидахотирии меҳмонону иштирокчиён барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми Ватану Истиқлол пешкаш гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 4, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид