Дар Тоҷикистон иҷозатномаи ворид намудани интернет ба ду ширкат супорида шуд

Ноябрь 20, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «ТТ Мобайл» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Индиго Тоҷикистон» иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии интернетро супорид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар идомаи андешидани тадбарҳои зарурӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро содир намуд.

Рӯзҳои наздик ҶСП «ТТ Мобайл» ва ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба ворид намудани интернети баландсуръат шуруъ менамоянд, ки ин иқдом ба кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба бахши телекоммуникатсияи мамлакат мусоидати фаъол менамояд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад