Деҳаи «Дулонамайдон»-и ноҳияи Балҷувон соҳиби мактаби замонавӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи «Дулонамайдон»- и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинои нави Муассисаи таълимии миёнаи умумии №13 муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон хабар доданд.
Бинои муассисаи таълимӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва пудратчии он ҶДММ «Мақсуд» мебошад.
Муассиса аз ду ошёна ва нуҳ синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 220 хонанда дар як баст сохта шудааст. Мактаб дорои синфхонаи компютерӣ, се утоқи корӣ, буғхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






