Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Ноябрь 29, 2023 17:15

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ҳисоботи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушаххас намудани раванди иҷрои буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин муайян намудани уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» иборат мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори давлатӣ супориш доданд, ки иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026-ро таъмин намоянд.

Сипас, дар кори маҷлис дар бораи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024» директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024» даврият, номгӯи шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ, маҷмуаҳои омории ҷамъбастӣ ва маҷмуаву буллетенҳои омории соҳавӣ, муҳлати иҷрои корҳо дар давоми як сол ва усулҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи маводҳои оморӣ муайян шудаанд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо дар бораи «Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», дар бораи «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» ва дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармиро баррасӣ намуданд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати мамлакат, вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Супоришҳои дигар ба масъулини соҳаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, анҷоми босамари кишту кори тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолӣ давлатӣ дода шуд.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.11.2023

Ноябрь 29, 2023 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон