Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 14, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассиса соли 1967 барои таҳсили 320 нафар хонанда бунёд гардидааст.

Муассиса дорои 16 синфхона, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи иттилоотӣ ва лингофонӣ мебошад.

Солҳои охир дар атрофи муассиса маҳаллаҳои нави аҳолиниш бунёд шуда, боиси зиёд гардидани шумораи хонандагони муассиса гаштааст.

Бо назардошти ин сокинони маҳаллаҳои навбунёд бо дастгирии гурӯҳи соҳибкорон ба сохтмони бинои таълимии иловагӣ ба таври дастҷамъӣ оғоз бахшиданд.

Бинои иловагии нав дорои 8 синфхона барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст мебошад. Дар ошёнаи якум кабинетҳои фаннии ҷуғрофия, табиатшиносӣ, забони русӣ, технологияи иттилоотӣ, дар ошёнаи дуюм кабинетҳои фаннии риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, забони англисӣ мавҷуд ҳастанд.

Дар муассиса 824 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо бунёди бинои иловагӣ шароиту имконияти беҳтари таълиму тарбияи фарзандон фароҳам гардидааст.

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 56 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Синфхонаҳо бо мизу курсиҳои замонавӣ, таҷҳизоти таълимӣ, аз ҷумла, тахтаи электронӣ, проектор ва компютерҳо муҷаҳҳаз мебошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагони муассиса ба масъулони соҳаи маориф бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, амиқ омӯхтани фанҳои дақиқ маслиҳатҳои муфид ва дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 14.11.2023

Ноябрь 14, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд