Президенти Тоҷикистон: «Бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад»

Ноябрь 28, 2023 17:57

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXIII Шуро иброз доштанд, ки бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки занону духтарон бештар дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматрасонии мамлакат фаъолият дошта, дар самти соҳибкорӣ низ шумораи онҳо бояд зиёд гардад.

«Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии тестӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани духтарон аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии тиҷорат, маркетинг, менеҷмент, молия, бонкдорӣ, идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ чораҷӯйӣ намоянд»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.

Ҳамзамон Пешвои миллат Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро вазифадор намуданд, ки дар барномаҳои таълимӣ ба ташаккул ва рушди истеъдоди соҳибкории донишҷӯён, махсусан донишҷӯдухтарон аҳамияти хосса дода, таълимро бо назардошти ҳамчун соҳибкори тайёр барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногун омода намудани хатмкардагони ин муассисаҳо амал намоянд.

Ноябрь 28, 2023 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд