Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони «Ситораҳои дурахшон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Ноябрь 14, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи “Ситораҳои дурахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав аз се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса фарогирии кӯдакони то синни мактабӣ дар ин боргоҳи таълиму тарбия бамаротиб зиёд гардида, дар маҷмуъ 460 нафарро ташкил медиҳад.

Бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ ва афзоиш ёфтани талабот ба кӯдакистон дар ҳудуди деҳоти Дадобой Холматов бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва саҳми аҳолӣ сохтмони бинои иловагии кӯдакистон амалӣ шуда, дар муҳлати кӯтоҳ бо тарҳу намои зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

Бинои муассисаи томактабӣ барои тарбияи кӯдакон дар шаш гурӯҳ пешбинӣ гардида, аз синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, дастшӯӣ, ошхона, толорҳои мусиқӣ, варзиш ва нуқтаи тиббӣ иборат буда, дорои системаи худии гармидиҳӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар давраи зимистон низ раванди таълиму тарбия дар сатҳи зарурӣ бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамгардида амалӣ шавад.

Муассиса мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа бунёд ёфта, ҳар гурӯҳ бо навтарин аёнияти таълимӣ, мизу курсиҳо, телевизор ва дигар воситаҳои омӯзишию фароғатӣ таъмин мебошад.

Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо ҷалби мутахассисони соҳибкасб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ амалӣ мешавад. Дар ҷараёни таълим усули фаъоли ҳамгиро васеъ истифода мегардад.

Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса 15 нафар ба кор ҷалб шуда, дар маҷмуъ шумораи кормандони ин муассисаи тарбиявӣ ба 45 нафар расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбати гарму самимӣ бо кӯдакону мураббиён изҳор доштанд, ки зинаи нахустини таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзандон маҳз аз кӯдакистон оғоз меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати сохтмону бунёди чунин муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ дар тамоми деҳот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба истифода додани кӯдакистони “Ситораҳои дурахшон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 14.11.2023

Ноябрь 14, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд