Шаҳри Ҳисор иҷрои нақшаи буҷетро ба 100,1 фоиз расонид
ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор иҷрои нақшаи буҷетӣ дар даҳмоҳаи соли равон ба ҷои 214,9 млн сомонии пешбинишуда 215,2 млн сомониро ташкил дод, ки 100,1 фоизи нақшаи андозро дар бар гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ дар даҳ моҳи соли равон 110,6 фоиз таъмин гардида, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 270,7 млн сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 млн сомонӣ зиёд гардидааст.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ давоми ду моҳ ду адад афзуда, чор корхона аз нав ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳамзамон дар самти фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми афзоиши истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 10 моҳ 859,2 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,2% таъмин шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ (1675 адад) то имрӯз 483 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






