Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд

Декабрь 9, 2023 10:36

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи 100-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, молия, мудофиа ва моликияти зеҳнӣ муҳокима гардиданд.

Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтарсозии инфрасохтор ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии аз ҳудуди кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил убуркунанда барои давраи то соли 2030 буд, ки барои баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли хориҷӣ ва транзитӣ саҳми назаррас дорад.

Инчунин монеаҳо дар савдои мутақобилаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуда, тавсияҳо оид ба бартараф кардани онҳо қабул гардиданд.


Айни замон нисфи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.

Дар охир аъзои Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдорро қабул карда, як қисми онҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 24 майи соли 2024 баргузор мегардад, пешниҳод намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардидааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд
Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд