Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар Шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбарияти шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад
Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода иштирокдорони ҳамоишро бо таҷлили рӯзи касбиашон таҳният гуфта, иброз дошт, ки фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи энергетика ва рушди он ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ нақши калидиро мебозад.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетикӣ, умуман рушди соҳа эътибори махсус равона гардидааст.
Ёдоварӣ шуд, ки 16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2021 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи энергетика рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷумҳуриро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик намуд. Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ дар мамлакат даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти он ки ягон давлат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин намуда наметавонад, истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муайян намуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо дар истифодаи неруи барқ ба сарфакорӣ роҳ дода, бо ин амали худ дар рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми худро гузошта истодаанд»,-афзуд Нигорахон Ғаффорзода.
Раиси шаҳр оид ба дастоварди соҳаи энергетика дар шаҳр ибрози назар намуда, кормандони Шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон ва дигар кормандони соҳаро ҷиҳати вусъати фаъолият ва баланд бардоштани сатҳу сифати он даъват намуд.
Дар ҷамъомад як қатор кормандони соҳа бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо эълон гардидааст. Ҳадафи энергетикҳои мамлакат боз ҳам бештар аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикӣ, афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни иқтисод ва сокинони ҷумҳурӣ бо неруи барқи доимӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон










Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






