Байни Тоҷикистон ва Латвия оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Декабрь 9, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе байни роҳбарони гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Латвия оид ба рушди  ҳамкорӣ  дар соҳаи нақлиёт ва авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии аиватсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки санади мазкур дар доираи вохӯрии директории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода бо  ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Латвия -муовини вазири нақлиёти Латвия Уилдс Рейманис  ба имзо расид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории тарафайн пешниҳод намуданд, ки корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Латвия масъалаи ҳамкориро дар татбиқи барномаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи авиатсия ба роҳ монанд.

АКС: Агентии аиватсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд