Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд

Декабрь 1, 2023 12:21

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Консерваторияи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Мусиқии давлатҳои Авруосиё дар контексти ҷаҳонӣ» озмуни байналмилалии олимон-мусиқишиносони ҷавон доир гардид, ки дар он мудири кафедраи фортепианои тахассусии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Беҳрӯз Сайфидддинов дар номинатсияи «Мусиқишиносӣ» (гурӯҳи аспирантон ва омӯзгорон) иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 1  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллӣ хабар медиҳад.

Дар озмун донишҷӯён, омӯзгорон ва аспирантон аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Озмун аз рӯи ду бахш: донишҷӯён ва омӯзгорон (аспирантон) баргузор гардид.

Тавре Беҳрӯз Сайфидддинов дар суҳбат бо мо гуфт, “мо бо дастгирии роҳбари илмӣ, доктори санъат Фирӯз Улмасов дар озмун иштирок намуда, бо ҳамкории роҳбар дар бораи эҷодиёти симфонии композитори машҳури тоҷик Толибхон Шаҳидӣ мақола навиштем.

Дар даври якум мақоларо ба кумитаи тадокуроти озмун равон намудем. Маро ба даври дуюм, ки бояд дар Консерваторияи давлатии Узбекистон баргузор мегардид, даъват намуданд. Даври дуюм дар шакли конференсия гузашт. Дар он иштирокчиён бояд мақоларо ҳамчун маъруза пешниҳод менамуданд”.

Беҳруз иброз дошт, ки ба баромади ӯ доварони озмун баҳои аъло доданд ва ӯ сазовори ҷойи якум гардид.

Бояд гуфт, ки тибқи низомномаи озмун, мақолаҳои лауреатони озмун дар маҷаллаи байналмилалӣ чоп мешаванд.

Моҳи ноябри соли 2021 Беҳруз Сайфиддинов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» низ дар номинатсияи композитории академӣ иштирок намуд. Асари пешниҳоднамудаи ӯ пйеса барои фортепиано ва оркестри симфонии «Ситораи дурахшон» буд.

«Худам ҳамчун пианинанавоз дар саҳна бо ҳамовозии оркестр навохтам ва дар озмун сазовори ҷои дуюм ва мукофоти пулӣ гардидам»,- мегӯяд Беҳрӯз Сайфиддинов.

Ҳамзамон Беҳруз моҳи октябри соли 2022 дар Озмуни байналмилалии «Бозиҳои Делфи», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, дар номинатсияи фортепианонавозӣ иштирок намудааст. Дар ин озмун низ Беҳруз бо  дастгирии роҳбараш профессор Дилбар Ҳакимова сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Ӯ мегӯяд, ки дар оянда нақша дорад  дар равияи илм якчанд мақолаи илмӣ навишта, дар  консертҳо  иштирок намояд.

Бояд гуфт, ки ҷавонони тоҷик имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла варзиш, фарҳанг, санъат ва мусиқӣ хеле хуб баромад намуда, бо маҳорати баландашон  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Декабрь 1, 2023 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид