«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». 77 довталаб аз ҳисоби занон ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» оғоз гардид, ки он ду рӯз идома меёбад. Имрӯз, 1 декабр ҳайати ҳакамон маҳорати забондонии довталабони даври ҷумҳуриявиро аз забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ санҷида, беҳтаринҳоро ҳамчун ғолиби озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» муайян менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оила хабар медиҳад.
Ғолибони озмун 2 декабр дар конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба солгарди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» бо Дипломи «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» сарфароз гардонида мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, инчунин мутобиқи Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 ва дар асоси Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 доир мегардад.
Ҳадафи он ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон- хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошад.
Бахши якуми озмун моҳҳои май-август барои занон – хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир шуд;
бахши дуюм – моҳҳои сентябр-октябр барои занон – хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои тобеи он дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид.
бахши сеюм – ҷоизасупорӣ ба ғолибони бахшҳои якум ва дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Аз рӯи Низомномаи озмун довталабон бояд дониши баланди сиёсӣ ва касбӣ дошта, аз иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих, фарҳанг, донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ, татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда, қобилияти таҳлилӣ, маҳорати ифодаи фикр, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ба хубӣ бароянд.
Ҳамзамон онҳо бояд масъулиятшинос ва дорои одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром ба инсон, шаҳрвандон ва кормандон, поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ботамкинӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа бошанд.
Ёдовар мешавем, ки 77 нафари ғолиби даврҳои қаблӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 30 ноябр дар маросими ифтитоҳи даври ниҳоӣ бо навиштани диктант ба забони русӣ, иншои озод ва санҷиши маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






