Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муқовимат ба коррупсия конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҳти унвони «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷаҳони муосир: консепсияҳо, воқеият ва дурнамо» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Дар конференсия нақш ва мавқеи миллати тоҷик дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он баланд арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши намоён мегузорад.
Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст дар таърихи башарият ҳуқуқҳои инсонро муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.
Дар конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли таҳдидҳои замони муосир ба ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллии муқовимат ба коррупсия, моделҳои танзими ҳуқуқи инсон дар конститутсияҳои ҷаҳон, табиати ҳуқуқии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, нақши Суди конститутсионӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши мақомоти судӣ дар пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, механизмҳои муосири ҳифзи ҳуқуқи инсон: назария ва қонунгузорӣ, қонунгузории миллӣ ва нақши он дар самти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи мақомоти прокуратура дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир: ҳолати кунунӣ ва дурнамо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия дар панҷ бахш доир шуда, дар он зиёда аз 110 маъруза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона пешниҳод гардид.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрӣ аст.
Дар фарҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон эълон гардидааст. Мақсади эълони ин рӯз ба ҷомеа ва ҳар нафар расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 75 сол пур мешавад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид






