Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорони ҷавон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон» ва олимпиада оид ба информатика аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамасола аз тарафи Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ дар як сол ду маротиба озмун гузаронида мешавад. Як маротиба бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва маротибаи дуюм бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз.
Имсол озмун 1-2 декабр гузаронида мешавад.
Ғолибони он бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






