Дар Душанбе масъалаи содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Олмон баррасӣ шуд

Декабрь 8, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон рушди ҳамкории судманд ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо, аз ҷумла дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироат, пешгирии обшавии пиряхҳо, беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам, рақамикунонии соҳа, воридоти технологияи нав, ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре қаблан хабар додем, соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ бо Олмон 114 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021  6,6 млн доллар ё 6,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Вазни хоси савдои мутақобила бо Олмон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022  1,6 фоизро ташкил дода, дар ҷои 11 қарор гирифт.

Дар ин давра ба Олмон ба маблағи 0,8 млн доллар молу маҳсулот содирот гардидааст, ки 87,5 фоизи онро нахи пахта, 10 фоизи онро тухмиҳои равғандеҳ, 5 фоизро меваҳо, чормағз ва дигар молу маҳсулот ташкил доданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд