Дар моҳи январ Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Декабрь 31, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи январ ба ҳавои моҳи декабри соли 2007 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 3-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда,  дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3-7 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 4+9 дараҷа гарм то -2+3, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз -3+2 то 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 10-15 ва рӯзона то 4-9 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 12-17 то 16-21 дараҷа хунук шуда, рӯзона то 6-11 дараҷаро ташкил медиҳад.  Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 3-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то -10 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз -3+2 то 3-8 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 9-14, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 4-9  ва дар баъзе ноҳияҳо то  8-13 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд дар назар дошта шудааст.

Дар Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 15-17 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад (дар мавзеи Булункӯл то -24 дараҷа хунук мешавад). Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати шабонаи ҳаво пешгӯӣ шуда,  аз 17-22 то 23-28 дараҷа хунук, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 32-37 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл то 45-50 дараҷа хунук), рӯзона аз 6-11 то 9-14 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 13-18 дараҷа сард мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Декабрь 31, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад