Дар Москва дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Москва бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд густариши ҳамкории мутақобилан судмандро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин арзёбӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиши маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони Русия ба Сергей Катирин изҳори сипос намуд.
Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, метавонад дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзӣ бо сармоягузорони рус ҳамкории судманд тавсеа бахшад.
Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин таҳкими равобити иқтисодиро ба манфиати ҷонибҳо номида, илова намуд, ки ташкили намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имконияти мавҷуда барои шиносоии бештари сармоягузорон ва ҷалби онҳо ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим мусоидат менамояд.
Ёдовар бояд шуд, ки 5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муаррифии имконияти вилояти Суғд баргузор гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






