Дар павилиони миллии Тоҷикистон дар СОР 28 дар мавзуи «Шаҳри сабз» ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 8, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар павилиони миллии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми қолабии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим /COP 28/  дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб   дар мавзуи ««Шаҳри сабз»: ҳамоҳангӣ байни бахшҳои гуногуни мунисипалӣ ва интерфейси онҳо бо энергия тавассути мисолҳои лоиҳа» ҳамоиш баргузор  гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба энергияи «сабз», гармидиҳии марказӣ, шабакаҳои тақсимоти маҳаллӣ ва интиқоли барқ, дастгирӣ ва ироаи қарорҳои «шаҳри сабз» баррасӣ шуданд. Панел беҳтарин таҷрибаи пешбурди амали иқлимро дар шаҳрҳо намоиш медиҳад.

Дар ҳамоиш ҳайати намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва миллии Тоҷикистон, муассисаҳои молиявии дорои барномаҳои мушаххаси шаҳр, аз ҷумла «шаҳрҳои сабз»-и Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Ҳамоиш платформае хоҳад буд, ки Тоҷикистонро ба Фонди Иқлими Сабз, БАТР ҳамроҳ намуда, дастрасии лоиҳаҳои «сабз»-ро ба қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ барои омодасозии лоиҳаҳо боз менамояд. Тавассути ин чорабинӣ Тоҷикистон ва шариконаш роҳро барои ҳалли самараноки маблағгузории иқлимӣ боз намуда, пешрафтро ба сӯи ояндаи устувор суръат мебахшанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст