Дар Вазорати кишоварзӣ таъсиси Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» баргузор гардид, ки зимни он масъалаи таъсиси Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.
Дар кори ҷаласа Раиси кумитаи роҳбарикунанда- Вазири кишоварзии Тоҷикистон, директори Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, давлатии идораи замин ва геодезӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, ҳолатҳои фавқулода ва гражданӣ, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии ҷангал ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон аъзои Кумитаи роҳбарикунанда ҷиҳати пешбурди кору иҷрои сифатноки он ва дигар масъалаҳои марбут ба лоиҳа ибрози назар намуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






