Директори АМИТ «Ховар» дар ҷаласаи Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар Минск иштирок менамояд

Декабрь 14, 2023 16:37

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода дар ҷаласаи Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 30-уми Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15 декабр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад.

Ба рӯзномаи ҷаласа 10 масъала оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот дохил карда шудааст.

АКС: Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Декабрь 14, 2023 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад