Файзиддин Қаҳҳорзода ва Довуд Манзур тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд

Декабрь 11, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини Президент ва раиси Созмони барнома ва буҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Довуд Манзур мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, минҷумла оид ба масъалаҳои бонкдорӣ, ҷалби ширкатҳои эронӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи  ҳамкорӣ баён доштанд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд