Фохта парандаи сол интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи овоздиҳӣ дар озмуни «Парандаи сол — 2024» фохта парандаи соли 2024 интихоб гардид. Озмун аз соли 2008 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва масъули баргузории он Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон мебошад.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти озмун муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов изҳор намуд, ки ин озмун дар Тоҷикистон бори 15-ум баргузор мегардад. Ҳамин гуна озмунҳо дар мамолики зиёди дунё, аз ҷумла дар Олмон, Амрико, Русия бо шукуҳу шаҳомат гузаронида мешаванд.
Дар Тоҷикистон то ин замон парандагони гуногун — ғози ҳиндӣ, кабк, бум, тазавр, лаклаки сафед, шонасарак, шоҳин ва дигар парандагони нодир парандаи сол интихоб шудаанд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии озмун дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Институти зоология ва паразитология, ҳамчунин муҳаққиқону дӯстдорони табиат рӯнамоии парандагоне, ки ба озмуни «Парандаи сол — 2024» пешниҳод шуда буданд, баргузор гардид. Оид ба ҳашт парандаи нодир: бедона, кабки даштӣ, доснӯл, ҷек, фохта, чарғи думдароз, дурроҷ ва сочи гулобиранг фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён гардид ва дар натиҷаи овоздиҳӣ аз байни онҳо фохта парандаи соли 2024 интихоб шуд.
Фохта аз ҷумлаи парандагони нодири ҷумҳурӣ буда, солҳои охир шумораи он хеле кам шудааст. Бар асари тағйирёбии иқлим ва маҳалли зисти фохтак имрӯз ин паранда ҳоли табоҳ дорад ва аз ин рӯ он ба пуштибонии аҳли дӯстдорони табиат ниёз дорад. Худи фохта парандаи хеле зебо буда, бештар дар шохсорон, дар байни долу дарахтон ва айвони хонаҳо лона мегузорад. Соле ду маротиба тухм гузошта, ду чӯҷа мебарорад. Дар табиати ҷумҳурӣ чор намуди фохта сабт шудааст.
Фохтаи муқаррарӣ (Горлица обыкновенная) инъикосгари зебоӣ ва муҳаббат буда, то 300 грамм вазн дорад. Ҳангоми хониш садои ғур-ғур бароварда, нарина ва модинаи он як намуд доранд. Баъзан як лонаро чанд сол истифода менамояд. Лонасозии фохта хеле моҳирона буда, он асосан аз хасбедаю барг ва шохчаҳои дарахт иборат аст. Лонаи фохтаро шамолу тундбод ҳамеша вайрону валангор месозанд. Душмани дигари фохта мору хазандагон мебошанд. Чӯҷаҳои худро фохтаи нару модина якҷоя тарбия менамоянд. Танҳо бо гузашти 20 рӯз чӯҷаҳо метавонанд ба ҳаёти мустақилона гузаранд.
Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ, (чопи Москва, соли 1969) омадааст: «фохта — парандаи ёбоии хокистарранги аз кабӯтар хурдтар, ки дар гардан тавқи сиёҳ дорад, куку, кафтари ёбоӣ:
Пеши ниҳоли сарви ӯ сарви равон равад зи ҷо,
Фохта зери боли худ сар кашад аз сари ҳаё.
Сайидои Насафӣ
Дар назар аст, ки ба ифтихори Парандаи соли 2024 – фохта чун рамзи зебоӣ ва муҳаббат тақвим ва расму мусаввараҳои алоҳида ба табъ расида, давоми соли оянда бо иштироки дӯстдорони табиат ҷашнвораву конфронсҳои илмӣ доир мешаванд.
Маҷид САЛИМ,
адиби табиатшинос
АКС аз манбаъҳои боз








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






