ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Дашти Маллаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи Панҷакент аз се гектар замини саҳмаш беш аз 180 тонна пиёз рӯёнидааст
ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Дашти Маллаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Раҳим Фахриддинов аз се гектар замини саҳмаш беш аз 180 тонна пиёз рӯёнида, қисмеро барои оилааш гузошта, қисмати дигарро ба фурӯш мебарорад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, Раҳим Фахриддинов барои кишти барвақтии картошка низ тухмӣ захира намудааст.
Захираи фаровони сабзавоту мева дар дигар сардхонаҳо ва хонаҳои деҳқонон низ зиёд аст ва он ба танзими нарх дар бозор мусоидат менамояд.
Афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи он дар ҳар хонавода аз масъалаҳое аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таъкид менамоянд.
Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои дар фасли зимистон захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Ҳоло дар 8 сардхона ба миқдори зиёд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ нигоҳдорӣ шуда, ҳамчунин кишоварзон сабзавоту картошка ва пиёзро бо усули маъмулӣ дар хонаҳояшон захира намудаанд.
Зимни боздиди муовини Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Панҷакент аз сардхонаи соҳибкор Фарҳод Илёсов маълум шуд, ки дар ин ҷо беш аз 140 тонна сабзӣ ва 20 тонна картошкаи тухмӣ дар шароити мусоид нигоҳдорӣ ва мутобиқ ба талабот ба бозор бароварда мешавад.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 иброз гардид, «дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст».
Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар мамлакат ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 2,5 баробар зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка 122 фоизи талабот, сабзавот 174 фоиз, пиёз 527 фоиз, сабзӣ 360 фоиз, полезӣ 312 фоиз, гӯшту шир 100 – фоизӣ барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.
Яъне, имрӯз ҷумҳурӣ бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






