Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд

Декабрь 7, 2023 11:43

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб   дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим  иштирок ва сухан намуд.  Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон  иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, бе ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ҳалли он ғайриимкон гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 татбиқ менамояд. Яке аз нишонаҳои возеҳи ҳамбастагии обу иқлим, ин обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

Тайи чанд даҳсолаи охир  аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккул ёфтани то  60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, як ҳазораш пурра об шудааст.

Тавре медонем, 15 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонӣ аз ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об қатъномаро дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 қабул намуд.

Тибқи ин санад ҳамчунин 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шуда, дар назди Созмони Милали  Муттаҳид Фонди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.

Бо ташаббусҳои дигари Тоҷикистон дар соҳаи об Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нуҳ қатънома қабул намудааст. Ҳоло татбиқи Даҳсолаи “Об – барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 самарабахш идома дорад.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва норасоии об бисёр муҳим ва самарабахш медонем.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 7, 2023 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон