МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Дар ноҳияи Данғара омӯзишҳои мудофиавӣ амалӣ гардиданд

Декабрь 4, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тамринҳои маҷмуии мудофиаи гражданӣ доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Кумита хабар медиҳад.

Машқҳо дар мавзуи «Амали мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии давлатӣ дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи қувваю воситаҳо барои мудофиаи граждании вилоят» давоми се рӯз идома ёфтанд.

Ин машқҳо таҳти роҳбарии сардори мудофиаи гражданӣ-раиси ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, намояндагони комиссияҳои мудофиаи граждании ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳо баргузор гардиданд.

Зимни машқҳо масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, қувваю воситаҳо ба сел, ярч, заминларза ва тахлияи аҳолии ҷамоату деҳоти вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар давраи баргузории машқҳо дараҷаи омодагии аҳолӣ ба муҳофизат аз сел, ярч ва заминҷунбӣ кор карда баромада, сатҳи омодагии қувваю воситаҳои ҳукумати ноҳия дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.

Ғайр аз ин, иншооти муҳофизатии мудофиаи гражданӣ ба ҳолати омодабош гузошта шуд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низоми огоҳсозии фаврӣ барои аҳолӣ аз рӯй додани ҳолати фавқулода ва ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои ҳифзи соҳилҳо гузаронида шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 4, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид