Намояндагони Вазорати фарҳанги Давлати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати намояндагони Вазорати фарҳанги Давлати Қатар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тоҷик шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барои меҳмонон сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Меҳмонон бо мероси ниёгони тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои нодири таърихӣ аз толорҳои «Асри санг», «Асри биринҷ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Юнону Бохтар», «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа, «Илму фарҳанги замони Сомониён», «Мардумшиносӣ», «Истиқлоли давлатӣ» ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос гардиданд.
Ҳайати меҳмонон баъд аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






