Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд

Декабрь 2, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 02.12.2023 10:52 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи Конференсияи 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабинии сатҳи баланди “Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ибтикори давлати мо дар чорчӯби ин конфронс доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳаммияти қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ҳамчунин дар чорчӯби Созмони Милал таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки ин қатъномаи Созмони Милал аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ эътироф намуда, вобастагии пиряхҳо ва иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устуворро ифода менамояд, таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Жунхуа, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, Котиби иҷроияи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба уқёнусшиносӣ, ёвари директори генералии ЮНЕСКО Владимир Рябинин, ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман, мушовири калони махсуси идораи Президенти осиёии рушд оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Варрен Еванс иштирок доштанд.

Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти мамлакат ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ташкил мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим соли 1998 шомил шуда, Созишномаи Парижро соли 2017 ба тасвиб расонидааст.

Тибқи муқаррароти қабулгардида, Конфронси тарафҳои ин Конвенсия дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони давлатҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки дар ҳошияи Конференсияи 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлатҳои аъзо дар самти иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишҳо, вохӯриҳо ва павилионҳо ташкил мешаванд.

Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар ҳошияи Конфронс дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.
Иштирок дар ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 02.12.2023

Декабрь 2, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб