Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд

Декабрь 2, 2023 16:04

ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд. Бар асари онҳо ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид мешавад.  Дар баъзе ҳолатҳо онҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба мақсади рушди тавлиди “энергияи сабз” ва кам кардани партовҳои карбонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқтидори нерӯгоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намояд.

Моҳи марти соли равон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Нидерланд Конфронси таърихии оби Созмони Милалро мизбонӣ намуд. Дар ин ҳамоиш Рӯзномаи амал қабул гардид. Он зиёда аз 800 амалу уҳдадориҳоро дар соҳаи об дар бар мегирад. Шумораи зиёди онҳо бо иқлим низ алоқамандии зич доранд.

Мусаллам аст, ки хатару таҳдидҳои обу иқлим талошу амалҳои ҷиддитарро талаб менамоянд.

Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни мизи мудаварро ба масъалаҳои муҳим, аз қабили дарки амиқи масъала ва пешбурди самараноки он аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, рушди тадбирҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим ва таъмини татбиқи механизмҳои муштараки расонидани кумакҳо ба кишварҳои осебпазир, ҷалб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд ҳам пеш бурдани масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд иброз доштанд.
Иштирок ва суханронӣ дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ 02.12.2023

Декабрь 2, 2023 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон