Ширкати миллии Тоҷикистон «Сиёма» сазовори ҷоизаи эътирофи фахрии Ҷамъияти Аврупо оид ба татқиқоти сифат гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии «Сиёма» сазовори эътирофи фахрии Ҷамъияти Аврупо оид ба татқиқоти сифат гардид. Маросими супурдани ҷоиза 10 декабри соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҷоиза барои эътирофи созмонҳое пешбинӣ шудааст, ки дар таъмини сатҳи баланди сифат дар кори худ фаъолияти барҷаста нишон медиҳанд. Дар маросими ҷоизасупорӣ зиёда аз 100 созмон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Ҷопон, Финландия, Италия, Британияи Кабир ва дигар ташкилот иштирок намуданд.
Ёдрас мешавем, ки Ҷамъияти аврупоии татқиқоти сифат (ESQR) созмони швейтсарӣ мебошад, ки ҷоизаҳои бонуфузро дар соҳаи сифати хизматрасонӣ, аз ҷумла эътирофи таҷрибаҳои беҳтарини тиҷорат, навовариҳои технологӣ ва дастовардҳо дар соҳаи сифат ба ширкатҳо, ташкилоти давлатӣ ва муассисаҳои дунё тақдим менамояд.
АКС: ҶДММ «Сиёма»








КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






