Таҳияи лоиҳа оид ба тақвияти сарҳад дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ шуд

Декабрь 19, 2023 17:38

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи гумрук ва таҳияи лоиҳа оид ба тақвияти   сарҳад зимни  вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории  байналмилалӣ  (JICA)  дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохурӣ ҷонибҳо доир ба такмили  вазъи иқтисодӣ ва амнияти наздисарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ ва таъмини бехатарии интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ, беҳтар намудани савдои наздисарҳадӣ ва таъмини дидбонгоҳо бо таҷҳизоти муосири муоинаи гумрукӣ мубодилаи афкор  намуданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди инфрасохтори мақомоти гумрук ва ҷалби маблағҳо барои андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиётро баррасӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ барои омода намудани мутахассисон дар самти фаъолияти гумрукӣ ҳамчун афзалияти муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд