ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, душанбе, 352-юмин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 18, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1956 Ҷопон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид шомил шуд.

***

Соли 1973  Бонки исломии рушд таъсис ёфт.

*** 

18 декабри соли 1998 дар Тоҷикистон аввалин интернет-провайдер ба кор даромад.

***

18 декабри соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд Фестивали байналмилалии телевизионии «Донак-2008» баргузор гардид.

***

18 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

***

18 декабри соли 2012  дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА раддабандии нави дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол эълон намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон зинаи 135-умро ишғол намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.

***

18 декабри соли 2018 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ҷаласаи моҳонаи давлатҳои аъзои Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид.

***

18 декабри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешида дар доираи Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид. Дар ин маросим  аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстиву рафоқати сокинони Душанбе ба ҷониби Қаракули Қирғизистон, ки соли 2022 унвони пойтахти фарҳангии Иттиҳодро соҳиб гардид, туҳфаҳои рамзӣ ва хотиравӣ тақдим шуданд.

***

18 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

18 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон

***

Рӯзи байналмилалии забони арабӣ

***

Дар Қатар – Рӯзи миллӣ.

***

Дар Нигер – Рӯзи ҷумҳурӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:  

Қутбӣ Киром – соли 1932 — шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1963)

Декабрь 18, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш