Тоҷикистон ва Чин тақвияти ҳамкории авиатсиониро баррасӣ намуданд

Декабрь 5, 2023 16:53

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе 4-умин нишасти техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии маъмурияти Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ баргузор шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад, ки дар нишасти чоруми техникӣ роҳбарият ва масъулини мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Чин маҷмуи масъалаҳои мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории авиатсиониро баррасӣ намуданд.

Дар нишаст директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода доир ба ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти тақвияти ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин сухан намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Чин аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ давлатҳои ҳамҷавор буда, тақвияти ҳамкории авиатсионӣ, хусусан ифтитоҳи долонҳои нави ҳавоӣ байни ду давлат дар таҳкими ҳамкории иқтисодии ҳар ду мамлакат нақши муассир мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2023 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид