Дар Қарокӯли Қазоқистон 227 қу нобуд гардидааст
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нобудшавии оммавии қувон аз зукоми паранда дар вилояти Манғистауи Қазоқистон сабт шуда, дар кӯли Қарокӯл 227 парандаи мурда пайдо гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус аз департаменти экологияи вилоят хабар доданд.
Дар идора ишора шудааст, ки дар натиҷаи таҳқиқот дар қувони мурда вируси зукоми паранда ошкор гардидааст.
Қаблан блогери қазоқистонӣ Азамат Сарсенбаев иттилоъ дода буд, ки дар соҳили кӯл садҳо ё ҳазорон қувони мурда паҳн шудаанд ва ӯ аз мақомот даъват намуд, ки ин ҳодисаро тафтиш намоянд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






