Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ҳамоиш доир гардид

Январь 10, 2024 17:12

ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода изҳор намуд, ки ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Таъкид гардид, ки кормандони Агентӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷаи давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мубориза бурда, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихон Розиқзода доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошем.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияташон таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шаванд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароити ба он мусоидаткунанда бояд дар тамоми вазорату муассисаҳои давлатӣ корҳои судманди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гардонида шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2024 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад