Дар шаҳри Ҳисор корхонаи таъмири трансформаторҳо сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат дар мамлакат дар шаҳри Ҳисор корхонаи таъмири трансформаторҳо бунёд мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Имрӯз дар шаҳри Ҳисор бо иштироки фаъолон ва собиқадорони меҳнат ба бунёди корхонаи таъмири трансформатор, ки дар Ҷамоати деҳоти Дурбат сохта мешавад, оғози расмӣ бахшида шуд.
Корхона бо иқдоми соҳибкор Эмомалӣ Хушов бунёд ёфта, дар он таъмири трансформаторҳои барқӣ ва генераторҳои неругоҳҳои хурди барқӣ ба роҳ монда мешаванд.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот масъулини сохтмони корхона ба роҳбарияти шаҳр иттилоъ доданд, ки муҳлати бунёди
корхона дароз давом нанамуда, имкон дорад то охири фасли баҳор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Аллакай крани борбардор бо иқтидори 50 тонна дар толори асосӣ насб шуда, хати 35-киловолтаи барқӣ кашида шудааст ва қарор аст бо истифода аз таҷҳизоти харротии «Рафомед», ки аз Полша ворид гардидааст, насбу васли таҷҳизот вусъат ёбад.
Иқдоми пешгирифтаи соҳибкор барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд сохта шудани ин иншоот, ки камназир ва ба он дар ҷумҳурӣ ниёз зиёд аст, дастгирӣ гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






