ҶОМИ ОСИЁ-2023. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз бозии таърихии футболбозони Тоҷикистон

Январь 29, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4- ниҳоӣ баромад.

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардида, дар замони асосӣ  бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар  аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё  ба натиҷаҳои беҳтарин дар таърихи футболи Тоҷикистон  ноил мегардад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар пешниҳод мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 29, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Данғара — ноҳияи намунавӣ дар таъмини иҷрои босифат ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ҷоизасупорӣ ба кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқа
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз зебоиҳо ва ободкориҳо дар қалби Тоҷикистон — шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар»
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд