ПАЙОМАДИ КАМБОРИШУ ХУШК ОМАДАНИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН. Он то 30-40 фоизи ҳосили зироати кишоварзиро талаф медиҳад

Январь 31, 2024 14:33

ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем. Яъне, имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин шавад. Чунин изҳор доштанд 24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024. 

Бояд гуфт, ки Сарвари давлат гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсониятро, ки боиси вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мегардад, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда рабт медиҳанд.

«Бинобар ин аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем»,-изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023.

Ба гуфтаи коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев, моро мебояд ба масоили таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва  амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи хосса диҳем. Чунки вобаста ба равандҳои тағйирёбии иқлим имрӯз муаммо ва мушкилоти таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ба яке аз проблемаҳои актуалӣ табдил ёфтааст.

«Далел он аст, ки пайомадҳои равандҳои тағйирёбии иқлим боиси коҳишёбии зироати кишоварзӣ мегарданд. Бо ин мақсад имрӯз ҷомеаи башарӣ кӯшиш менамояд, ки дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ба иқтисоди «сабз» ноил гардад. Дар робита ба ин моро зарур меояд, ки вобаста ба мавқеи географии мамлакатамон мафҳумеро ташаккул диҳем, ки тавонем дар рушди иқтисоди миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем»,-баён медорад коршинос.

Агар ба мавқеи географии ҷумҳуриамон назар намоем, маълум мегардад, ки 60 дарсади ҳудуди Тоҷикистон дар мавзеъҳои баландкӯҳ, 21 дарсад дар ҳудуди миёнакӯҳ, 10 дарсад  дар  доманакӯҳҳо ҷойгир буда, танҳо 9 фоизи он барои рушди кишоварзӣ имконияти мусоид дораду халос.

Дар робита ба ин коршиносон изҳор медоранд, ки вобаста ба густариши иқтисодиёт тавонем ҳамон арзишҳои илмӣ ё тадқиқотеро ба анҷом расонем, ки таносуби мувозинати табииро таъмин намуда, рушди иқтисоди мамлакатро ба даст оварда тавонанд.

Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси васеи Ҳукумат вобаста бо назардошти вазъи камборишию хушкии имсола дастур доданд, ки яхобмонии саривақтӣ, ниҳолшинонӣ ва иҷрои дигар корҳои мавсимӣ таъмин шавад. Вобаста ба ин ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, дар ин шабу рӯз бояд яхобмониро мувофиқи талабот иҷро  намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои дар хокбуда ва дар атрофи дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Ҳамзамон давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад.

«Он ҳашарот ва касалиҳое, ки дар дарахтон вуҷуд доранд, дар ҳарорати 10 дараҷа паст, яъне давоми як ҳафтаи сардӣ пурра нобуд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки дарахтон дар оянда ҳосили фаровон диҳанд. Аз ин рӯ, боғпарварон бояд аз ин имконият самаранок истифода баранд»,-изҳор намуд  Ҳикматулло Назиров.

Мутахасссисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки яхобмонӣ имконият медиҳад дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор бе зарар гузашт, метавон ба ҳосили хубу босифат умед баст.

Эмомалӣ Раҳмон: «Имконоти соҳаи кишоварзӣ ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд» 

Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он- хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд мегардад. Дар баробари ин  тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баён доштанд, ки бо вуҷуди он ки соли 2023 соҳаи кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, вале имконоти мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд. Аз ҷумла, соли 2023 истеҳсоли пахта нисбат ба соли 2022  15 фоиз, гандум 8, ангур 39 ва пилла 43 фоиз кам гардида, дурнамои кишти пахта 12 фоиз ва картошка 23 фоиз таъмин нагардидааст.

Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан дар самти истифодаи самараноки ҳар қитъа  замин тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Бо назардошти вазъи камборишию хушкии имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки яхобмонии саривақтӣ, ниҳолшинонӣ ва иҷрои дигар корҳои мавсимӣ таъмин шавад.

Дар ин самт Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо назардошти боду ҳавои номусоиди тирамоҳу зимистони соли 2024 ҷиҳати омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, соли 2023 коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо низ мушоҳида гардида, истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 2218 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022  23,6 фоиз, аз ҷумла помидор 14 ва бодиринг 36 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар робита ба ин ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди гармхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои каммасраф ва агротехникаи муосири парвариши зироат густариш бахшанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, бе ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ҳалли он ғайриимкон гардидааст. Ҳамин аст, ки бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 татбиқ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) изҳор намуда буданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим зимни истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастҷамъона ва мукаммал тақозо менамояд. «Офатҳои табиӣ ҳамасола ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламравашро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад. Ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ   ба бор меоранд»,-баён доштанд Президенти Тоҷикистон.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, яке аз роҳҳои ҳалли муваффақи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди иқтисоди «сабз» мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди энергияи «сабз»-ро ба миён меорад.

Айни ҳол 98 фоизи барқ дар Тоҷикистон аз манбаъҳои  барқароршавандаи тавлиди «неруи сабз» дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва дар ин ҳол Тоҷикистон, ки аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, аз рӯйи ҳиссаи ками ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ дар мақоми мусбат қарор дорад.

Бо назардошти ин воқеият масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии глобалии иқлим ва пайомадҳои номатлуби он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфӣ қарор додааст. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ҳамин аст, ки дар робита ба ин бо мақсади истеҳсоли энергияи «сабз», рушди иқтисоди «сабз» ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ  дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида шуд, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ шаванд. Дар робита ба ин, ба Саридораи геология супориш дода шуд, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии мамлакатро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳамасола 30-40 фоизи ҳосили зироат аз таъсири микроорганизмҳои зараровар нест мешавад

Тавре дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, ҳамасола то 30-40 фоизи ҳосили ҳама зироати кишоварзӣ дар маҷмуъ аз таъсири микроорганизмҳои зараровар нест мешавад. Ин микроорганизмҳо бар асари камборишӣ ва гарм омадани обу ҳаво рушд ёфта, боиси талаф ёфтани ҳосил мегарданд. Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, камбориш ё хушк омадани зимистони имсола барои зироати кишоварзӣ, махсусан соҳаи боғу токпарварӣ зиёновар дониста мешавад. Инчунин камбориш омадани ҳаво сабаби зиёд гардидани ҳашароти зараррасон ва тезтар инкишоф ёфтани дарахтон мегардад. «Мо фасли баҳор ва тобистонро аз сар гузаронидем, то кунун фасли тирамоҳ идома дорад. Яъне ягон намуд тағйироти дигаре нест. Тағйирот дар куллӣ ҳаст, ба мисоли болоравии ҳарорат дар фасли зимистон. Мебояд, ки дар ин фасл ҳарорат паст бошад, аммо ҳоло баръакси он аст. Сардиҳои баргарданда дар оғози баҳор, ҳангоме, ки ғунчаҳо ба шукуфтан оғоз менамоянд, метавонанд тамоми ҳосилро ба нестӣ баранд».

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии мамлакат, аз 26 то 29 январдар ҷумҳурӣ ба амал омадани барфу борон, вазиши боди шадид дар назар аст, ки ин барои деҳқонон хабари хушҳолкунанда ба шумор меравад. Зеро борон дар самти  истеҳсоли маводи ғизоӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ унсури муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи Директори Инстути боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Алиф Толибов, боронҳои пай дар пай барои соҳаи боғу токпарварӣ фоидаовар мебошанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар сурати аз 3 мм зиёд ба амал омадани борон он метавонад дар хок захира шавад. «Дар фасли зимистон он бороне, ки ба амал меояд, асосан нақши захиравиро мебозад. Чун то аввали баҳор ин боронҳо метавонанд решаи дарахтонро бо намӣ таъмин созанд. Ин гуна боронҳо бештар ба боғу токзор манфиатовар мебошанд. Зеро решаи дарахтон дар боғҳо то 3-4 метр поён рафтааст ва он намнокие, ки бо сабаби боронҳои пай дар пай ба амал меояд, то чуқурии реша рафта захира мешавад. Дар фасли зимистон борон барои таъмини намии боғу токзор ва зироат асосан нақши захиравиро мебозад. Агар аввали баҳор бориш кам ҳам ба амал ояд, ин намие, ки дар ин вақт захира мешавад, то чанд муддат метавонад дарахтро бо об таъмин намояд»,-изҳор медорад мутахассис.

Парвариши зироат ва боғу токзор аз оби борон сахт вобаста мебошад.  Гап сари на танҳо миқдори бориш, балки муҳлати он низ меравад, чун тақсими ба амалоии бориш дар вақту замони мусоид ба серҳосилӣ ва дастархони пурнозу неъмати сокинони мамлакат оварда мерасонад. Аз нигоҳи деҳқонон, борон неъмате аст, ки метавонад рӯзгори онҳоро бисозад ва ё баръакс ба онҳо зарар оварад. Бо вуҷуди ин, аз нуқтаи назари истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон, таъсири борон хеле муассиртар аст, зеро он ба дастрасии ғизо ва нархҳо таъсир расонида метавонад.

Ба ақидаи олимони соҳа, борон барои нашъунамои зироат зарур буда, миқдори он дар давраи нашъунамо ба ҳосили зироат таъсири бевосита мерасонад. Камборишӣ метавонад боиси кам шудани ҳосилнокӣ ва ё талафёбии ҳосил гардад, ин ҳам дар ҳоле ки бориши аз ҳад зиёд метавонад омили обхезӣ, эрозияи хок ва дигар мушкилот шавад. Вақти ба амал омадани борон низ аҳамияти калон дорад, зеро зироат дар давраҳои гуногун нашъунамо намуда, ба об эҳтиёҷ пайдо месозад, масалан дар давраи аввали нашъунамо, ки решаҳо инкишоф меёбанд ва бештар об талаб менамоянд.

Ба гуфтаи  олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ҳолати ба амал омадани борон ҳаракат намудан зарур аст, ки дар ин айём байни қаторҳо аз алафҳои бегона  тоза бошад.

Пас, дар ин чанд рӯзе, ки ба амал омадани борон дар назар дошта шудааст, олимони соҳа ба деҳқонон тавсия медиҳанд, ки аз борон оқилона истифода баранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Январь 31, 2024 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
ЧОЙ НӮШОКИИ АЗ ҲАМА ЗИЁД ИСТЕЪМОЛШАВАНДА ДАР ҶАҲОН АСТ. Кадом навъи он ба саломатӣ фоида дорад?
ЧАККА ДАР ОШХОНАИ ТОҶИКӢ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД. Чаро онро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед