Соли 2023 нақшаи андоз аз захираҳои табиӣ дар ҳаҷми 217 миллион сомонӣ таъмин нагардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2023 бо вуҷуди дар сатҳи 103,5 фоиз иҷро шудани нақшаи даромади буҷети давлатӣ сифатнокии он аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи андоз аз захираҳои табиӣ дар ҳаҷми 217 миллион сомонӣ таъмин нагардид, ки ин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд»,- иброз намуданд 24 январ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар соли сипаригардида аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст.
Дар ин давра аз ҷамъиятҳои саҳомии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 17,4 миллион сомонӣ, «Тоҷиктелеком» 12,7 миллион, «Талко Голд» 18,4 миллион сомонӣ, Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 5,5 миллион сомонӣ, ширкатҳои мобилӣ 192 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо воридоти андозҳо таъмин нашудааст.
Инчунин дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ташвишовар мебошад. Нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳри Роғун 20,2 фоиз ва ноҳияи Дарвоз 8,4 фоиз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 38,4 миллион сомонӣ ворид нашуд.
Дар баробари ин дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аксари шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи андоз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб беш аз 200 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети давлат ворид нашудааст. Бо вуҷуди супоришҳои такрорӣ доир ба кам намудани бақияпулиҳои андоз ҳаҷми он ба ҳолати аввали соли 2024 ба 806 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли гузашта 77,5 миллион сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд гардидааст. Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар вилояти Хатлон 166 миллион сомонӣ, вилояти Суғд 59 миллион, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 миллион, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 105 миллион, шаҳри Душанбе 40 миллион ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 433 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин Сарвари давлат ба Вазорати молия супориш доданд, ки якҷо бо Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳо иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷетро дар соли 2024 таъмин намояд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави даромад ба буҷет, кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои муассир андешад.
АКС аз бойгонӣ








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






