Соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба истифода додани 5 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 6400 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст

Январь 27, 2024 15:49

ДУШАНБЕ, 27.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 5 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 6400 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар пойтахт сохтмони 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 28 ҳазор ҷойи нишаст ва 55 муассисаи томактабӣ барои 10 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад. Дар ин хусус зимни ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси васеи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ барои 10 ҳазору 300 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 410 ҷой сохта, ба истифода дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар 7 соли охир 42 муассисаи таълимӣ бо 70 ҳазор ҷойи нишаст ва 22 муассисаи томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор тарбиятгиранда бунёд шудааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки масъалаҳои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва савияи касбии омӯзгорон таҳти ғамхориву дастгирии доимии роҳбарияти шаҳр қарор дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2024 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд