ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 январ, шанбе, 13-умин рӯзи соли 2024 аст

Январь 13, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1703 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Ведомости» нашр шуд.

***

13 январи соли 1993 дар Париж Конвенсия дар бораи манъ намудани коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи химиявӣ ва нобуд сохтани он қабул шуд.

***

13 январи соли 2000 бойтарин шахси ҷаҳон Билл Гейтс аз роҳбарии ширкати «Майкрософт» рафта, ин вазифаро ба зиммаи Стив Болмер гузошт.

***

Дар ин рӯзи соли 2010  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки мувофиқи он дар баробари Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба дигар бонкҳо, ба монанди «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Бонки Эсхата» ҳуқуқи фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» дода шуд.

***

14 сол пеш, 13 январи соли 2010 дар Ню-Йорк ҷаласаи Шурои Амнияти СММ оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

***

13 январи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисодӣ» — ро баррасӣ намуд.

***

8 сол пеш, 13 январи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 фармон ба имзо расониданд.

***

13 январи соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овард, ки аз гардиши ғайриқонунии аcъори хориҷӣ боэҳтиёт  бошанд.

13 ЯНВАР:

Дар Того — Рӯзи озодӣ.

***

Рӯзи матбуоти Русия.

***

Дар Литва — Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ.

Январь 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст