Теъдоди бар асари ярч ҳалокшудагон дар шарқу ғарби Чин ба 11 нафар расид
ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи бар асари ярч ҳалокшудагон дар вилояти Юннан дар ҷанубу ғарби Чин ба 11 нафар расида, корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд. Дар ин хусус Телевизиони марказии Чин хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.
Беш аз 1000 нафар дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ анҷом медиҳанд, ки ба ин корҳо низомиён низ ҷалб гардидаанд.
Қаблан дар бораи 8 нафари ҳалокшуда аз байни 47 нафаре, ки зери харобаҳо қарор доштанд, хабар расида буд.
Ҳолати фавқулода дар деҳаи Ляншуй, дар наздикии Чжаотун рӯзи душанбе соати 05:51 бо вақти Пекин ба амал омадааст. Мақомот захираҳои якчанд идораро барои ҷустуҷӯ ва наҷоти бедаракшудагон ҷалб намуданд. Аз минтақаи офат садҳо нафар тахлия шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






