Тоҷикистон ва Гурҷистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон имрӯз зимни мулоқоти муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Георгий Чхеидзе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба табодули таҷриба, бастани қарордодҳо байни ширкатҳои сайёҳӣ ва иштирок дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва тақвияти ҳамкорӣ ибрози ҳавасмандӣ намуд.
Бо мақсади ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар наздиктарин фурсат Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро омода намоянд.
Баъд аз мулоқот меҳмонон бо Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуда, аз таъриху фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофари тоҷик огоҳӣ пайдо намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад
Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ расонида шуд
Тоҷикистон ба сӯи тиҷорати байналмилалии электронӣ қадамҳои устувор мегузорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд






